ТАЪРИХ ВА ПАЙДОИШИ ХАТ
Пеш
аз он, ки оид ба пайдоишу такомул ва навъҳои хат сухан равад, донистани он, ки
хат чист ва хусусияту вазифаҳои он аз чиҳо иборатанд, аз аҳамият холӣ нест. Хат
воситаи сабти нутқ буда, ин ё он ҷузъи нутқро бо ёрии аломатҳои тасвирӣ ифода
мекунад, барои аз як ҷо ба ҷои дигар фиристодан ва дар вақти муайян воқеъ
шудани онро сабт кардан имконият медиҳад, яъне ба воситаи хат замону макони
вуқӯи нутқ сабт мегардад.
Хат бо таърихи башар алоқаи узвӣ дорад,
вай баробари пешравию тараққии ҷамъият такмил ёфт, суфта шуд ва дар шакли
имрӯзааш то ба мо омада расид.
Инсони ибтидоӣ на забон дошту на хат.
Вақте ки байни инсонҳо барои фикри худро ба дигарон фаҳмонидан ва аз фикри
дигарон бохабар шудан талаботе зуҳур ёфт, забон ба вуҷуд омад. Пайдоиши забон
ҳодисаи ниҳоят мураккаб буда, раванди дуру дарозро тай кардааст. Инсони ибтидоӣ
тараққӣ кард, пеш рафт. Ба ҷои гуруҳҳои хурд-хурди авлодӣ қабилаҳо ва иттифоқи
қабилаҳо ташкил ёфт. Акнун инсони ибтидоиро лозим меояд, ки на танҳо ба авлоду
қавми худ, балки бо қавму қабилаҳои дигар робитаю алоқа ба миён орад,
мақсадашро ба онҳо низ фаҳмонида тавонад. Аммо нутқи овозӣ дар ин шароити
таърихӣ тамоми эҳтиёҷоти ӯро қонеъ кунонида наметавонист, чунки нутқи овозиро
имконияти аз як ҷо ба ҷои дигар фиристонидан
набуд. Барои рафъи ин эҳтиёҷот хат ихтироъ гардид.
Ҳамин тариқ, инсоният ба кашфиёти
бузурге ноил гардид. Акнун вай метавонист, ки фикрашро сабт карда, на танҳо ба
атрофиён, балки ба шахсони дур фиристад ё ба ворисон мерос гузорад.
Донишмандон хатро, аз рӯи он ки нутқро
чӣ тавр ифода кардааст, ба чаҳор гурӯҳи асосӣ ҷудо мекунанд:
1. Хати ҷумлавӣ ё ки фразограмма (фраза – ҷумла, графия – менависам) – хате, ки хабари томро мерасонад.
2. Хати калимавӣ ё ки логограмма ( логос – калима) – хате, ки ҳар аломати он як калимаро нишон медод.
3. Хати ҳиҷоӣ ё силлабограмма (силлабос – ҳиҷо) – хатест, ки ҳар аломати он ба як ҳиҷо баробар аст.
4. Хати овозӣ ё фонограмма (фонос – садо, овоз) – хатест, ки ҳар аломати он як садо ва як овозро ифода мекунад.
В.А.Истрин навъи дигари хат – хати морфемографиро низ қайд кардааст.
Азбаски хати соф морфемографӣ вуҷуд надошт, мо дар бораи он таваққуф намекунем.
ХАТИ ҶУМЛАВӢ (ФРАЗОГРАММА). Хати ҷумлавӣ хабари томро расонида,
дар навбати худ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:
а) хати аксӣ;
б) аломатҳои шартии қадимӣ;
Пайдоиши хат ба санъатии тасвирии қадим вобастагии қавӣ дорад, зеро
санъати тасвирии қадим сарчашмаи пайдоиши аввалин хат гардидааст. Қадимтарин
осори санъати тасвирӣ 30-40 ҳазор сол
пеш аз мелод ба вуҷуд омадааст, вале он аксҳоро чун хат маънидод кардан
мумкин нест. Онҳо ҷудо- ҷудо буда, ба
якдигар вобастагӣ надоранд. Аммо дертар дар маданияти мезолит (10-15 ҳазор сол
пеш аз мелод) унсурҳои хати аксӣ пайдо шуд ва комилан сурат гирифтани хати аксӣ
ба давраи неолит (6-8 ҳазор сол пеш аз мелод) тааллуқ дорад.
Хати нахустинро хати аксӣ (пиктография – пиктус –акс) мегӯянд, аз он
сабаб ки вай ба воситаи суратҳо, тасвирҳо ифода мегардид. Ба тарзи дигар гӯем,
хати аксӣ ҳикоятҳоест, ки бо ёрии суратҳо баён меёфт.
Хати аксӣ хеле ривоҷ ёфта буд ва қариб ҳамаи мардумони қадим ё одамоне, ки давраи ибтидоиро аз сар гузаронидаанд, онро истифода бурдаанд. Вай барои он нуфузи зиёд дошт, ки ба ҳамаи аъзоёни қабила фаҳмо буд ва омӯзиши махсусро талаб намекард. Хати ҳар халқ хусусиятҳои ба худ хос низ дошт, чунки аломатҳои он хусусиятҳои табиат, олами ҳайвоноту наботот, санъату маданият, либос ва расму оини ҳамон маҳал ва халқро дар худ акс мекард.
Хати аксӣ дар замони мо ҳам низ ба андозаи муайяне ба кор меравад. Аз ҷумла, бисёр нишонаҳои роҳ, тасвири молҳои гуногун дар назди мағозаву дӯконҳо ва устохонаҳо хусусияти хати аксӣ доранд. Навъи дигари хати ҷумлавӣ аломатҳои шартии қадимӣ мебошад, ки пештар аз аксӣ ба вуҷуд омадааст. Аломатҳои шартӣ, асосан барои ба кӣ тааллуқ доштани ашё истифода мешуданд. Масалан, аломатҳои шахсӣ ва авлодию қабилавиро гирем. Онҳо дар аслиҳа, ҳайвоноти хонагӣ ва маҳсулоти саффолӣ гузошта мешуданд. Чорводор барои он, ки чорвояш бо моли дигарон иваз нашавад ё ки онҳоро зуд фарқ карда тавонад, дар гӯши онҳо ба тарзи махсус аломат мегузошт.
Ҳукмронон дар танга, мӯҳр, нишон ва парчами худ аломатҳои махсус мегузоштанд, ҳунармандон барои асбобҳои сохтаашон нишонҳои хосе доштанд, ки аз рӯи он амали кадом усто будани маҳсулотро пай бурдан мумкин буд ва ғайра.
ХАТИ КАЛИМАВӢ (ЛОГОГРАММА). Дар асоси хати ҷумлавӣ, махсусан навъи асосии он – хати аксӣ, ба вуҷуд омадааст. Якум, онро ба тарзи гуногун фаҳмидан ва тавҷеҳ кардан мумкин буд; дуюм, ба воситаи он мафҳумҳои абстрактро баён намудан ниҳоят мушкил буд. Аз ин ҷиҳат ба тартиб овардани хатнависӣ зарур шуда монд, яъне пешравии инсоният, тафаккур ва забон дар пеши ҷамъият вазифа гузошт, ки барои рафъи эҳтиёҷот хати мукаммалтаре ихтироъ карда шавад.
Пайдоиши хати калимавӣ бо пайдоиши ҷамъияти ғуломдорӣ ва давлат алоқаманд аст, зеро давлат дар кори ҳукмронӣ ба навиштани фармонҳо, ҳисобу китоби хоҷагӣ ва хазина мӯтоҷ буд ва устувории хатро талаб мекард. Қадимтарин хатҳои калимавӣ, монанди хати калимавии мисрӣ, шумерӣ баробари пайдоиши давлатҳои ғуломдорӣ ба вуҷуд омаданд.
Омили муҳими дигари пайдоиши хати калимавӣ хусусиятҳои хоси забони халқҳоест, ки дар байни онҳо ин навъи хат тараққӣ ёфтааст. В.А.Истрин ду хусусияти зеринро асоситарин ҳисобидаааст:
1)
ба осонӣ ҷудо
шудани калимаҳо дар нутқ;
2) аз ҷиҳати грамматикӣ тағйир наёфтани калимаҳо;
Ҳамаи хатҳои калимавӣ оҳиста-оҳиста хусусияти тасвирии худро гум карда, сода мешуданд ва ба аломатҳои шартӣ табдил меёфтанд. Ин тағйирот натиҷаи он буд, ки материали хатнависӣ дигар мешуд. Дар ин вақт ба ҷои материалҳои сахт: санг, устухон, чӯб, оҳан ва амсоли инҳо материалҳои мулоимтар: папирус, шоҳӣ, қоғаз ва ғайраро истифода мебурданд.
ХАТИ ҲИҶОӢ (СИЛЛАБОГРАММА). Вақте ки ҷамъияти инсонӣ ба зинаи баландтари тараққиёт
– феодализм расид ва доираи истифодаи хат вусъат ёфт, хати калимавӣ эҳтиёҷоту
зарурати мардумро комилан қонеъ карда натавонист. Акнун хатро на танҳо котибони
касбӣ, идораҳои давлатӣ, рӯҳониён, балки балки бозаргонон, косибону ҳунармандон
низ васеъ истифода мебурданд. Дар ин марҳала норасоии ҷиддии хати калимавӣ, ки
ба василаи он зикри исмҳои абстракт ва номҳо душвор буд, бештар ошкор гардид.
Гарчанде пайдоиши хати ҳиҷоӣ дар таърихи пайдоиши хат
назар ба хати калимавӣ қадаме ба пеш буд, камбудиҳо низ дошт, зеро ҳар забон
назар ба овоз ҳиҷои бештаре дорад. Барои ифодаи нутқ аломатҳои зиёд лозим
мешавад. Масалан, барои ифодаи овозҳои ин ё он забон аз 20 то 40 ҳарф лозим
бошад, барои ифодаи ҳиҷоҳои он аз 35 то 400 аломат лозим аст.
Қадимтарин аломатҳои ҳиҷоӣ дар хати шумерӣ ба
вуҷуд омадаанд (ибтидои ҳазорсолаи III ва
нимаи ҳазорсолаи II пеш аз мелод) ва хати калимавии
шумерӣ ба хати ҳиҷоӣ табдил ёфт. Аломатҳои логографии хати шумерӣ ба 1500 адад
мерасид, ки дар ибтидои ҳазорсолаи III 600 адад монд.
Қабилаҳои
Аккад дар аввали ҳазорсолаи III, ошуру бобулиҳо дар охири ҳазорсолаи III хати
шумериро қабул карданд.
Дар миёнаи ҳазорсолаи III пеш аз мелод
хати эламӣ бо таъсири аккадҳо шакли мехӣ гирифт. Хати мехӣ такомули худро дар
хати мехии форсии ҳахоманишӣ ёфт. (дар ин бора баъдтар таваққуф менамоем).
Хати ҳиҷоии критӣ низ бо роҳи ба аломатҳои ҳиҷоӣ бадалшавии логограммаҳо
тараққӣ кард (ҳазорсолаи III пеш аз
мелод). Дар асоси хати критӣ хати кипрӣ ба вуҷуд омад (ҳазорсолаи I пеш аз мелод).
Пайдоиши қадимтарин хати ҳиндӣ:
бараҳманӣ ва кхароштӣ ба асрҳои IV-III пеш
аз мелод тааллуқ доранд, вале олимон тахмин мекунанд, ки ҳанӯз дар асрҳои VIII-VII пеш аз мелод дар Ҳиндустон хат вуҷуд дошт. Хати
бараҳманӣ аз хати финикӣ ё оромӣ ба вуҷуд омадааст. Хати кхароштӣ дар асоси
хати ҳамсадоии форсии оромӣ шакл гирифтааст (асри V пеш аз мелод). Ин вақте буд, ки шимолу шарқи
Ҳиндустон ҷузъи қаламрави Ҳахоманишиён ба шумор мерафт.
Хати ҳиндӣ чанд навъ дошт, ки муҳимтарини он деванагарӣ аст. Дар асри VII баъд аз мелод хати нагарӣ (маъниаш – шаҳрӣ) шакл мегирад ва аз он дар асри XIII деванагарӣ ба вуҷуд меояд (аз дева – илоҳӣ ва нагарӣ – шаҳрӣ, шаҳрии илоҳӣ) ва хати деванагарӣ имрӯз ҳам хати расмии Ҳиндустон ба ҳисоб меравад.
ПАЙДОИШИ ХАТИ ҲАРФӢ – ОВОЗӢ (ФОНОГРАММА) – ба нимаи дуюми ҳазорсолаи II п.а.м. тааллуқ дорад. Ин яке аз бузургтарин ихтирооти
башарӣ мебошад, ки дар ҳаёти мадании аксари халқҳои дунё аҳамияти бузург дорад.
Хати ҳарфӣ-овозӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешавад:
1. Хати консонантӣ – овозӣ, ки харфҳои он асосан овозҳои
ҳамсадоро ифода мекунад.
2. Хати вокалӣ – овозӣ, ки аломатҳои он ҳамсадою
садонокҳоро баробар нишон медиҳад. Ҳамаи хатҳои қадими ҳарфӣ – овозӣ хатҳои
ҳамсадоӣ буданд, яъне фақат ҳамсадоҳоро нишон медоданд ва садонокҳо ҳеҷ ишора
намегардиданд
Аломатҳои
консонантӣ – овозӣ аввалин бор дар хати мисрӣ ба вуҷуд омад. Вале нахустин хати
овозии софро финикиҳо ба вуҷуд оварданд, ки баъдтар асоси ҳамаи хатҳои ҳарфӣ –
овозӣ гардид.
Хати
ҳарфӣ – овозӣ аз ибтидои ҳазорсолаи пеш аз мелод паҳн шудан гирифт, ки он
асосан бо ду роҳ ҷараён ёфт:
а) Дар
Шарқ аз хати финикӣ хати оромӣ пайдо шуд, ки қариб аз он ҳамаи хатҳои ҳарфӣ –
овозии қитъаи Осиё сарчашма гирифтаанд. Онҳо ҳама каму беш хусусияти
консонантии финикиро нигоҳ доштаанд.
б)
Дар Ғарб аз хати финикӣ хати юнонӣ ба вуҷуд омад, ки асоси ҳамаи хатҳои аврупоӣ
гардид. Хатҳои ғарб, аз юнонӣ сар карда, на бо роҳи консонантӣ, балки бо роҳи
вокалӣ – овозӣ тараққӣ карданд.
Муҳимтарин
хатҳое, ки аз хати финикӣ – оромӣ шакл гирифтаанд, иборатанд аз:
1. Хати яҳудӣ ва навъҳои он
2. Сурёнӣ ва навъҳои он, ки яке аз онҳо хати монивист
3. Хати форсӣ
4. Хати арабӣ ва навъҳои он
Хати
юнонӣ низ аз хати финикӣ ба вуҷуд омадааст ва мисли он аввал аз рост ба чап
навишта мешуд, аммо баъд баръакс аз чап ба рост менавиштагӣ шуданд. Хатҳои
консонантӣ – овозӣ ҳама аз рост ба чап навишта мешаванд.
Ҳамаи
хатҳои вокалӣ – овозӣ аз хати юнонӣ ба вуҷуд омадаанд.
Хати юнонӣ ба ду қисм ҷудо мешавад: ғарбӣ ва шарқӣ. Аз хати юнонии ғарбӣ хатҳои
этрусӣ, лотинӣ, фаронсавӣ, немисӣ, англисӣ, итол ёӣ ва ғайра сарчашам гирифтаанд. Аз хати юнонии шарқӣ хатҳои
контӣ, византиягӣ, арманӣ (асри V баъд аз мелод), грузинӣ, славянӣ, русӣ (асри IX), булғорӣ, сербӣ ва ғайра ба вуҷуд омадаанд. Хати
юнонӣ баробари нуфузи дини христианӣ паҳн шудан гирифт.
Хати
лотинӣ, ки асоси бисёр хатҳои муосир гаштааст, дар асрҳои VIII – VII пеш аз мелод аз хати этрусии юнонӣ пайдо шудааст.
Хатҳои
муосири немисию англисӣ (асри VIII), фаронсавӣ
(асри IX), испанӣ, португалӣ, норвегӣ (асри XII), итолиёӣ, шведӣ, даниягӣ, венгерӣ ва чехӣ (асри XIII), полякӣ (асри XV) аз хати лотинӣ ба вуҷуд омадаанд.
Хати русӣ, ки ҳоло қариб тамоми халқҳои Осиёи Марказӣ, Аврупои Шаркӣ ва давлатҳои паси Кавказ дар асоси он хати худро сохтаанд, низ аз хати юнонии шарқӣ ба воситаи хати византиягӣ ва славянии қадим сарчашма гирифтааст.
ХАТТИ МЕХӢ: Хати мехии форсии қадим хати расмии сулолаи
Ҳахоманишиён, ки аз асри VII пеш аз мелод
то истилои Искандари Македонӣ (соли 330 п.а.м) ҳукумат доштанд, буд ва давлати
онҳо яке аз империяҳои бузургтарини ҷаҳон ба ҳисоб меравад.
Хати мехӣ, ки Ҳахоманишиён чун хати расмии давлатӣ қабул карданд, дар Бобулистони Қадим пайдо шуда буд. Подшоҳони Ҳахоманишӣ танҳо шакли ин хатро қабул карданду бас. Аломатҳои хати мехии онҳо аз хати мехии бобулӣ ва ошурӣ фарқ доштанд ва аз ин рӯ, хати мехии Ҳахоманишиён хати форсии қадим ном гирифтааст. Форсҳои қадим ба аломатҳои хати мехии бобулӣ ва ошурӣ аломатҳои дигареро зам намуданд, ки бо онҳо садонокҳои забони худро ифода мекарданд.
Нахустин намунаи хати мехии форсии
қадимро сайёҳи итолиёӣ Петро делла Валле соли 1621, ки аз вайронаҳои Персополис
(60 км дуртар аз Шероз) ёфта буд, ба Венетсия мефиристад. Петро делла Валле аз
рӯи аломати уреби такроршаванда исбот намуд, ки ин хат аз чап ба рост навишта
шудааст.
Аввалин касе, ки ин хатро мехӣ
номидааст, Энгелберт Кемпфер ном олими итолиёист, ки дар ин бора соли 1712 «Аҷоиботи
кишварҳои дигар» ном китоберо ба табъ расонидааст.
Баъдтар Карстен Нибур исбот кард, ки навиштаҷот ба се системаи хат тааллуқ
дорад.
Як кашфиёти дигареро низ дар ин ҷо қайд
кардан лозим аст, ки он муайян кардани ном ва унвони шоҳони сосонӣ аз тарафи
Селвестер де Саси мебошад. Ин кашфиёт дар қатори он кашфиётҳое, ки номбар
кардем, ба муаллими гимназияи Германия – Гротефенд ёрӣ расониданд, ки якчанд
аломатҳои хатти мехии форсии қадимро муайян намояд ва ба хондани қисматҳои
аввали он муваффақ гардад. Гротефенд аз китобҳои таърихнависони юнонӣ низ
истифода намуд ва гуфтан мумкин аст, ки ному унвони Доро ва пешиниёни ӯро аз
сангнавишта хонда баромад. (1802).
Кори ҷамъбасткунанда оид ба
сангнавиштаҳо (хати мехии форсии қадим) китоби олими америкоӣ – Роланд Кент
мебошад, ки соли 1953 чоп шудааст. Дар он тамоми матнҳо бо транскрипсияи лотинӣ
оварда шуда, ба забони англисӣ тарҷума шудаанд. Ба замми ин дар китоб
грамматикаи забони форсии қадим ва лексикаи он таҳлил шудааст.
Умуман, кашфи асрори хатти мехии форсии қадим барои хондани хати мехии бобулӣ, ошурӣ ва дигарҳо, ки аз хати мехии форсии қадим пештар навишта шуда, вале то асри XIX хонда нашуда буданд, калиде шуд. Аз тарафи дигар, сангнавиштаҳои хатти мехии форсии қадим аҳамияти калони таърихӣ, адабӣ ва забонӣ доранд. Онҳо ёдгориҳои қадимтарини забони форсӣ ва тоҷикӣ мебошанд.
ХАТИ АВЕСТОӢ: «Авесто» яке аз ёдгориҳои адабӣ-бадеии халқҳои
эронинажод мебошад, ки таърихи пайдоишаш ба ҳазорсолаи I пеш аз мелод тааллуқ дорад.
Мувофиқи сарчашмахои таърихӣ ин китоб пеш аз ҳуҷуми
Искандари Макдунӣ як китоби бузург буд, ки дар 1200 пӯсти гов бо оби тилло
навишта шуда буд, аммо Искандар ин китоби муқаддаси зардуштиёнро сӯзонида нобуд
кард.
Аз рӯи бозёфтҳои археологии илми ҳозиразамон исбот
кардааст, ки забони авестоӣ дар асрҳои VI-V пеш аз мелод
вуҷуд дошт ва порчаҳои ҷудогонаи он бо хати оромӣ навишта шуда буданд.
Соли 1938 аз Пули Дарунта (наздикии Кобул) навиштаҷоте
ба номи шоҳи ҳиндӣ Ашокӣ (асри III п.а.м) пайдо
шуд, ки дар он калимаҳои забони авестоӣ бо хати оромӣ навишта шудаанд.
Пас аз «Авесто»-ро сӯзонидани Искандар аз нав навиштан
ва барқарор кардани «Авесто» дар асри I мелодӣ,
дар давраи шоҳи портӣ Валахши I оғоз ёфт.
Чунон ки гуфтем, то ин давра «Авесто» бо хати оромӣ навишта мешуд, вале дар ин
алифбо якчанд ҳарфҳо ихтироъ карда шуданд, ки дар алифбои паҳлавӣ вуҷуд
надоштанд. Мумкин аст, мӯбадони зардуштӣ аз алифбои юнонӣ ва ифодаи садонокҳо
дар ин забон ибрат гирифта, барои ифодаи садонокҳо ҳарфҳои алоҳида ихтироъ
намуда бошанд. Алифбои авестоӣ 48 ҳарф ва 49 аломатро дарбар мегирад, аз ҷумла
14 ҳарф барои ифодаи овозҳои садонок ва 34 ҳарф барои овозҳои ҳамсадо ва
сонантҳо муқаррар шуда буданд. Замони ихтирои хати авестоиро асрҳои III – IV мелодӣ гуфтан
мумкин аст.
Яке аз нусхаҳои қадимтарини «Авесто», ки то замони мо
расидааст, дар асри XIII мелодӣ китобат шудааст.
Дар замони хилофати арабҳо «Авесто» бори дуюм зарар дид. Пайравони дини зардуштӣ, онҳое, ки дини исломро напазируфтанд, аксаран ба Ҳинд ҳиҷрат карданд. Ҳоло дар замони ин гуруҳ мардум, ки худро порс меноманд, 115 ҳазор аҳолиро ташкил медиҳанд. Дар тоату ибодат, ҳуҷҷатҳои динӣ порсиён аз забон ва хати авестоӣ истифода мебурданд. Дар корҳои идоравӣ, ҳуҷҷатҳои давлатӣ забони гуҷаратӣ истифода мешуд. Дар Эрон зиёда аз 10 ҳазор пайравони дини зардуштӣ мавҷуданд, ки «Авсето»- ро дар намозу ибодат ба кор мебаранд, вале хати онро истифода намекунанд.
ХАТИ
ФОРСИИ МИЁНА. Бо хати форсии миёна,
ки асосаш ҳамон хати оромӣ буд, забони форсии миёна – шеваи ҷанубу ғарбии
забони форсӣ ифода карда мешуд. Бо мурури замон ин забон ва хат забони портӣ ва
хати онро танг карда, ба худ номи хати паҳлавӣ гирифт. Ин ҳодисаро дар ёдгориҳои
адабии портӣ равшан дидан мумкин аст. «Дарахти Ассурик», «Ёдгори Зарирон» ва
монанди инҳо аз ёдгориҳои адабиёти ғайридинии сосонӣ мебошанд.
Баъзан ҳар ду хатро хати паҳлавӣ номида, паҳлавикро
хати паҳлавии ашконӣ ва хати порсикро хати паҳлавии сосонӣ гуфтаанд.
Дар замони Сосониён ҳафт қалам хат мавҷуд будааст, ки
мувофиқи навишти муаррихон ҳар кадоме ба ин ё он соҳа махсус будааст. Он ҳафт
навъ хат: рам дафира, гашта дафира, нимгашта дафира, фарварда дафира, роз
дафира, дин дафира ва васф дафира ном доштаанд. Аз инҳо рам дафира хати умумӣ,
барои истифодаи ҳама будааст. Хати фарварда дафира махсуси номаҳо ва фармонҳо,
роз дафира сирҳо ва тарҷумаҳо, дин дафира махсуси навиштаҷоти динӣ будааст.
Васф дафира маҷмӯаи хатҳое будааст, ки калимаҳои румӣ, хитоӣ, ҳиндӣ, туркӣ,
набатӣ, арабӣ, барбарӣ дошт. Мувофиқи гуфти Ибни Надим, ки хати гашта дафираро
– гастаҷ ва нимгашта дафираро – нимгастаҷ навиштааст, ин ду хат аз 28 ҳарф
иборат будаанд ва бо якум аҳду паймон ва бо дуюм китобҳои фалсафию тиббиро сабт
мекардаанд.
Ёдгориҳои хати форсии миёна, ки онро баъдтар паҳлавии
китобӣ меномидагӣ шуданд, китобҳои динӣ ва ғайридиние мебошанд, ки осори давраи
Сосониёнро ташкил медиҳанд.
Ёдгориҳои хати паҳлавӣ дар мақбараҳо ва харсангҳо
вомехӯранд. Дар хати паҳлавӣ 14 ҳарф мавҷуд аст, ки бо онҳо овозҳои забони
форсии миёна ифода карда мешуданд. Якчанд аломатҳои ин хат овозҳои гуногунро
ифода карда метавонанд.
Дар хати паҳлавӣ идеограммаҳо бисёранд. Идеограмма
калимаҳое мебошанд, ки шакли навишташон ба алифбову забони оромӣ буда, ба тарзи
форсӣ хонда мешаванд. Масалан, агар дар матн «млк» навишта шуда бошад, онро
«шоҳ» мехонданд.
Муҳаққиқи аввалини матнҳои паҳлавӣ Селвестер де Саси
мебошад, ки аз китобҳои юнонӣ дар хондани ин матнҳо истифода кардааст.
Дар асри XIX ба омӯзиши матнҳои паҳлавӣ Вест
машғул шу два қариб тамоми онҳоро ба забони англисӣ тарҷума кард. Аз аввали
асри XX дар Ғарб ва бист соли охир дар Эрон оид ба адабиёту
санъат, забони паҳлавӣ аз ҳар ҷиҳат тадқиқотҳо ба роҳ монда шудаанд.
Днишмандони рус ва советӣ К.Залеман, А. Фрейман, М. Боголюбов ва дигарон низ
дар бораи забони паҳлавӣ тадқиқоти пурарзише анҷом додаанд.
ХАТИ
АРАБӢ ВА НАВЪҲОИ ОН. Арабҳо то асри VII мелодӣ сохти ғуломдориро аз сар
мегузарониданд. Танҳо дар ибтидои асри VII Паёмбари дини мубини ислом Муҳаммад (с.а.в) (571-632)
онҳоро дар зери шиори дини ислом муттаҳид ва бисёр кишварҳои атрофро забт
карда, доираи нуфузи дини исломро хеле вусъат дод.
Баробари вусъати дини ислом хати арабӣ низ интишор
ёфт. Ислом дини ягона ва хату забони арабӣ, хату забони ягонаи расмии тамоми
қаламрави Хилофати Араб қарор гирифт. Ин тааҷҷубовар нест, зеро дар замонҳои
қадим ва дар асрҳои миёна ин ё он хат баробари вусъату нуфузи ин ё он дин ривоҷ
ёфта паҳн шудааст. Хати арабӣ пеш аз ислом, дар асри VI аз хати набатӣ
шакл гирифта буд. Алифбои қадими арабӣ аз 22 ҳарфи ҳамсадои бенуқта иборат буд
ва садонокҳо навишта намешуданд. Баъдтар навишти баъзе ҳарфҳоро содатар карда,
тағйир доданд, чандин ҳарф ба якдигар монанд ва аз ҳарфҳои монанд панҷтаашро аз
алифбо хориҷ карданд. Дар натиҷа 17 ҳарф монд. Ин миқдор барои ифода ва сабти
пурраи овозҳои забони арабӣ намерасид.
Барои аниқтар сабт кардани забон ёздаҳ ҳарфи нав илова
карданд. Ин кор бо роҳи ба ҳарфҳои мавҷуд илова кардани нуқтаҳо ба амал омад.
Бо роҳи нуқтагузорӣ ҳарфҳои «то», «со», «ҷим», «ҳе», «зол», «зе», «шин», «зод»,
«изғӣ», «ғайн» ва «қоф» ба вуҷуд омаданд.
Чунон ки мо тоҷикон, аз таҷрибаи худ медонем, сабт
нашудани садонокҳо боиси душвориҳои зиёде дар хондани хати арабӣ гардидаанд.
Калимаҳоеро, ки садонокҳои онҳо навишта нашудаанд, ба тарзҳои гуногун хондан
мумкин аст. Душвории мазкур хусусан баъди қабули дини ислом ва зарурати аниқ
сабт кардани калимаҳо дар Қуръон бештар ҳис шуд.
Қуръонро на танҳо халқҳои арабзабон, балки халқҳои
дигар, ки арабиро намедонистанд, бояд мехонданд, ҳол он ки ба дигар забонҳо
тарҷума ва тиловати он мамнӯъ буд. Барои рафъи душвориҳо ва ифодаи сдонокҳои
кӯтоҳ, аз як тараф, ҳаракат – забар, зер, пеш- ро ва аз тарафи дигар, барои ифодаи садонокҳои
дарози о, ӯ, ӣ ҳарфҳои «алиф», «вов», «йо» - ро истифода мебурдагӣ шуданд.
Дар замони ҳозира хати арабӣ яке аз хатҳои
маъмултарини ҷаҳон ба шумор меравад. Вай зиёда дар 20 кишвар истифода мешавад
ва қариб 10 фоизи мардуми кураи Замин бо он менависад ва мехонанд (Миср, Ироқ,
Марокаш, Арабистони Саудӣ, Эрон, Афғонистон, Лубнон ва ғайра).
Хати арабӣ навъҳои зиёд дорад, ки баъзеҳо номгӯи онро то ба 56-60 расонидаанд. Вале бояд таъкид кард, ки аксари куллии ин навъҳо аз якдигар фақат бо хурд ё калон, борик ё паҳн навишта шуданашон фарқ мекунанд ва дар вақти муайян навъи хат андозаи қаламро ба эътибор мегирифтаанд. Баъзе навъҳои хати арабӣ монанди сунбул, зулф, мушаҷҷар фақат чун воситаи ороиш ва зебу зиннат истифода мешуданд, ки барои умум дастрасу хоно набуданд. Аммо баъзе навъҳои хати арабӣ, чун кӯфӣ, таълик, насх, настаълик, шикаста ва чанди дигар воқеан аз якдигар тафовути куллӣ ва сабқи нигориши хоссае доранд.
ХАТИ
СЛАВЯНӢ – РУСӢ. Соли 862 князи
Моравия – Ростислав аз императори Византия – Михаил хоҳиш мекунад, ки якчанд
шахсро ба Моравия фиристад, то ба забони мардуми маҳаллӣ ташвиқоти динӣ бурда
тавонад. Михаил ин даъватро қабул карда, Кирилл ва Мефодийро ба Моравия
мефиристад. Дар ин сафар Кирилл ва Мефодий дар асоси хати византиягӣ хати
славяниро сохта, бисёр китобҳои диниро ба славянӣ тарҷума карда, бо он хат сабт
менамоянд. Аз ин рӯ, соли 863 соли пайдоиши кириллица дониста мешавад. Ин кори
бародарон Кирилл ва Мефодий ба рӯҳониёни пайрави дини католикӣ намефорад, зеро
онҳо ба забони славянӣ иҷро кардани ибодатҳои диниро нодуруст шуморида, кӯшиш
мекарданд, ки китобҳои славяниро аз байн бардоранд. Онҳо чандин бор китобҳои ба
славянӣ навишташударо мансуҳ эълон карданд. Аммо ба ин мамониатҳо нигоҳ
накарда, хат ва маданияти славянӣ пеш рафт, тараққӣ кард. Дар охири асри IX ва аввали асри X Булғория маркази хати славянӣ шуд. Соли 894 подшоҳи
Булғория – Симеон забони славяниро чун забони расмии калисои Булғория эълон
кард. Дар асри XI Руси Киевӣ ба маркази хату адабиёти славянӣ табдил
ёфт.
Хати славянӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешуд: хати глаголӣ
(глаголитса) ва кириллӣ (кириллитса). Пайдоиши кириллитса ва глаголитса ба
фаъолияти бародарон Кирилл (826-869) ва Мефодий (820-885) алоқаманд аст.
Дар ибтидо кириллитса 38 ва глаголитса 38-39 ҳарф
дошт, баъдтар ин миқдор мутаносибан ба 40 ва 43 ҳарф расид. Асоси кириллитсаро
24 ҳарфи византиягӣ ва асоси глаголитсаро 22 ҳарфи византиягӣ (юнонӣ) ташкил
медоданд. Кириллитса 19 ҳарфи нав дошту глаголитса 18.
Дар ҳар ду хат номи ҳарфҳо ва тартиби онҳо як хел буд.
Фақат шакли ҳарфҳо фарқ дошт, яъне шакли ҳарфҳои
глаголитса назар ба кириллитса хеле душвор сохта шуда буд.
Қадимтарин ёдгории хатҳои славянии кириллитса ва
глаголитса ба даҳсолаи охирини асри IX тааллуқ дорад ва он
навиштаҷотест, ки дар шаҳри Преслава аз калисои шоҳи булғор Симеон (ҳукмрониаш
893-927) ба даст омадааст. Чандин навиштаҷоти хати кириллӣ, ки ба асрҳои X-XI нисбат дода мешавад, аз шаҳрҳои гуногуни Русия
(Смоленск, Новгород ва ғайра) ёфт шудаанд. Аммо ин ёдгориҳо бидуни сана
мебошанд. Соли 1950 аз Добруҷи Руминия навиштаҷоте пайдо шуд, ки соли 943 бо
хати кириллӣ ва забони булғорӣ сабт шудааст, ки санаи навишта шуданаш низ
маълум аст. Ин қадимтарин навиштаҷоти хати кириллии санаддор мебошад.
Комментарии
Отправить комментарий